Санаи 26.06.2015 сол дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилотҳои ибтидоии Корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал», «Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд», «Амонатбонк» дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳо баргузор гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов иштирок ва баромад намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар натиҷаи хираду заковат, ҷаҳду талоши ватанпарастонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намудани муноқишаҳои тарафайн пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик гирифта шуд, фирориён ба Ватан баргардонида шуданд, давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат берун оварда шуд ва мо ба марҳилаи кунунии сулҳу суббот расидем. Дар ҳақиқат, сулҳи тоҷикон, ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли ҷаҳон чун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори варзида муаррифӣ намуд. Сулҳе, ки ба даст омад ба осонӣ наомадааст. Аз ин рӯ мо ба қадри сулҳу осоиштагии имрӯза бояд бирасем. Ҳар миллат ва ҳар халқро танҳо истиқлолияти комил ва ваҳдати пойдор ба кӯи мурод расонидааст. Чун анъана дар фарҷом ба аъзоёни нав Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба собиқадорони ҳизб Сипосномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи кумиҷроия супорида шуд.