Дар доираи Аксияи вилоятии ҳарбӣ – ватандӯстӣ таҳти унвони “Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!”

Имрӯз санаи 3 май дар толори Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар доираи баргузории Аксияи вилоятии ҳарбӣ – ватандӯстӣ таҳти унвони “Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!” ва оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд сармуҳаррири ҳафтаномаи “Сухани халқ” Абдусабури абдуваҳҳоб, намояндагони қисми низомии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суѓд, интернатсионалистон, иштирокчиёни сохти Конститутсионӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, хонандагони синфҳои болоӣ ва фаъолони маҳаллаҳо иштирок доштанд.

Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов баромад карда, қайд кард, ки имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд. Акнун халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлолияти Тоҷикистон баҳра баранд.

Сипас, меҳмонон низ баромад намуда, таъкид карданд, ки дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад. Масъалаҳои хизмат дар Артиши миллӣ, ватандўстӣ ва ватанпарварӣ муҳимтарин маҳаки фаъолияти касбиву ҷамъиятӣ ва омили асосии муттаҳидсозии тамоми неруҳои  ҷомеа мебошад.                                                          Боиси таассуф аст, ки имрўз қисме аз ҷавонон ба синну соли  хизмати ҳарбӣ расида, сари вақт ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир намешаванд ё худ аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мордонагист ва мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.        

Воқеан, имрӯз дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мордонагист ва мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.

Ҳамзамон дар ҷараёни ҳамоиш ба якчанд нафар сарбозони фаъоле, ки хизматро ба итмом расонида истодаанд, чун арзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо Сипоснома, туҳфа ва ба волидайни онҳо Раҳматномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.