Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017) иброз намуданд, ки «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифгари таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.»

Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин давлатест, ки дар фазои ИДМ ба сайёҳии дохилӣ аҳамият дода, афзалияти онро муаррифӣ намуда, Қонун «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» - ро низ баҳри беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон қабул кардааст.

Бо мақсади ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, дӯстиву бародарӣ, дар ҳошияи «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар рӯҳияи худогоҳӣ, ватандӯстӣ, ҳифз ва арҷ гузоштан ба мероси бузургон, мавзеъҳои таърихӣ, сайри табиати нотакрору дилфиреб, огаҳии комил пайдо кардан аз ҳунарҳои мурдумии Хуҷанди бостон аъзоҳои намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, алалхусус, собиқадорони ҳизб, ҷавонону занони фаъоли он ба Хуҷанд – Тирози ҷаҳон ташриф оварда, аз гӯшаҳои таърихии он дидан ба амал оварданд ва накҳати гулу гиёҳҳои Хуҷандшаҳр машони худро муаттар сохтанд.

Меҳмонони арҷмандро намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хайрамақдам гуфта, ба онҳо чун рамзи эҳтирому садоқат – китоб ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Муҳимтар аз ҳама, ҳамон рӯз бо иштироки адибон, ҳаваскорон дар Боғи истироҳатӣ – фароғатии Шайх Камоли Хуҷандӣ бо ташаббус ва иқдомоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои меҳмонон «Шоми дӯстӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Мӯҳтавои аслии ин ба ҳам омаданҳо, пеш аз ҳама, ваҳдати кулл, дӯстиву рафоқат байни ҳамсафон ва арҷгузорӣ ба инсон ва ошёни меҳр гузоштан дар дили ӯст, ки мӯъҷиби тамоми хушиву музаффариятҳост:

Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,

Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор…

Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,

Ошёни шукри дурандеш дар он ҷо гузор!