Рӯзи гузашта дар толори «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд маҳфили эҷодии омӯзгор, ҳунарманди шинохта, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳусейн Юсуфов, ки ба Рӯзи Артиши миллӣ ва 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шуда буд, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, пеш аз ҳама иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод намуд ва ба Ҳусейн Юсуфов дар ҷодаи фаъолияти меҳнатиаш барору комёбиҳо таманно кард. Аз ҷониби раиси кумиҷроия Ҳусейн Юсуфов бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуд.