Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми сентябр Рӯзи китоб таҷлил карда мешавад.  Бo  роҳбарии  намояндагии    Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  Эҳсон Исоев имрӯз якчанд нафар хонандагон ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ба китобхонаи Маҷмааи Қалъаи Хуҷанд  ташриф оварда, аз китобҳои тозанашр бохабар гардиданд ва аз онҳо истифода бурда, барои худ як ҷаҳон маънӣ гирифтанд.

Гарчандеки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол бошанд,  ҳам лекин он донише, ки мо аз китоб мегирем,  дигар аст ва барои донишандӯзӣ, васеъ кардани ғизои маънавӣ ва  сайқалу маҳорати суханварӣ аҳамияти калон дорад. Мо бояд наврасону ҷавононро ба китобхониву китобдӯстӣ ва ҷой намудани меҳри китоб дар қалби онҳо мусоидат намоем.

 Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пеҳвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳар баромадҳояшон нисбати   ҷавонон ғамхориҳо зоҳир намуда, таъкид медоранд, ки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Маҳз онҳо бо илму дониш ва забономӯзӣ метавонанд, Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, парчамбардори миллати хеш  мегарданд. Аз ин лиҳоз мо ҷавонон бояд ба боварии Пешвои миллат сазовор бошем, то метавонем қувваи худро баҳри илмомӯзи равона намуда, барои ояндаи нек ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорем.