Санаи 1 ноябри соли 2023 дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори давлатдории муосири миллӣ” бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

        Дар кори конференсияи илмӣ-амалӣ Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Замира Мансурӣ, Сардори Раёсати Агентии хадамоти назорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ҷаҳонгир, олимони варзида, докторони илм, профессорон ва устодони донишгоҳ ҳузур доштанд.

       Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”доктори илмҳои таърих, профессор Усмонзода Аюб Ислом бо сухани ифтитоҳии хеш ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшид.

Дар кори Конференсия,Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Замира Мансурӣ дар кори конфренсияи мазкур иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт: ”Пешвои муаззами миллат зимни яке аз суханрониҳояшон қайд кардаанд, ки: «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».          Таърихшиносону муҳаққиқон бар онанд, ки ниёгони барӯманди мо ҳеҷ гоҳ нисбати тақдиру сарнавишти худ, ҳуқуқу озодиҳои инсон бетараф набуданд.  Аввалин конститутсия ё худ эъломияро онҳо офаридаанд ва муаллифи эъломияи аввалин оид ба ҳуқуқҳои башар намояндаи сулолаи Ҳахоманишиён Куруши Кабир аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҳи пуршараферо тай намуда, дар худ беҳтарин принсипҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро таҷассум кардааст. Ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар радифи Суруди миллӣ ва Парчаму Нишони давлатӣ кишвари соҳибистиқлоламонро дар арсаи олам муаррифӣ менамояд”.

        Ҳамзамон, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ Мухторзода Киромиддин Тоҷиддин дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият ва тартиби он” ва муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ Шарипова Мадина Бобоҷонова дар мавзуи “Конститутсия кафили баробарҳуқуқии мардон ва занон дар давлат” дар кори конфронс баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд.