Дар толори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон доир шуд. Дар кори ҷаласа мудирони шуъбаи иттилоотӣ – таҳлилӣ Эҳсон Исоев ва кор бо занони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Заррина Манонова иштирок варзиданд.

 Холбоев Абдунабӣ Рафиқҷонович, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур вобаста ба нақши ҳизбиёни коргоҳ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, баён дошт, ки новобаста аз мушкиливу муаммоҳое, ки имрӯз пешорӯи коргоҳ қарор дорад, ҳизбиёни фаъол дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ширкат доранд. Вазифаи асосии ҳизбиён пеш бурдани сиёсати пуливу қарзӣ ва дубора барқарор намудани эътимоду боварии мизоҷон ба бонк аст. Дар ин раванд корҳо хуб ҷараён доранд.

Дар идомаи ҷаласа нотиқ дар бораи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим фикру  андешаҳои хешро баён дошта, зикр кард, ки имрӯзҳо дар давлатҳои хориҷӣ  бемории сироятии корноавирус хуруҷ карда истодааст ва боиси марги ҳазорон  нафар шаҳрвандон низ шудааст. Хушбахтона, то ба имрӯз дар ҷумҳурии мо ин бемори сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ тамоми мақомотҳои дахлдор корҳои беҳдоштиро ба роҳ мондаанд. Аз ин хотир моро зарур аст,  тарзи ҳаёти солимро пеша карда, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ  худ ва наздиконамонро муҳофизат намоем. Ба иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби масъулини кумиҷроияи шаҳрӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ, ҷалби аъзои нав ва беҳтар намудани низоми ҳуҷҷатгузориҳои ҳизбӣ тавсияҳои мушаххас дода шуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлили

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд