Тибқи нақша-чорабинии шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Т.Асирӣ бахшида ба истиқболи 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии ҲХДТ маҳфили мубоҳисавӣ дар мавзӯи «Мавқеи занон дар пешрафти ҷомеаи муосир, арҷгузорӣ ба либосҳои миллӣ ва таърихи он» баргузор гардид, ки дар он аъзоёни шӯрои занони Комиҷроия ширкат варзиданд.