Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар дақиқаву сония дар фикри камолоти ҷисмонӣ ва фикрии кӯдакон ҳастанду дар оянда низ баҳри оромиву осудагии эшон барномаҳои ҳадафманд таҳияву роҳандозӣ намуда, кӯдаконро ояндаи осудаву ободи ҳар як оила, ҷомеа ва давлат шуморида, бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар муаррифӣ кардаанд.

Ба андешаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.»

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, байни кӯдакони шаҳри Хуҷанд, ки омад – омади ин Иди ҳуҷастаро бо беқарорӣ интизор ҳастанд, зиёда аз 8 ҳазор варақаҳои табрикотиро бо мӯҳтавои «Кӯдакон ояндаи миллатанд!», «Ҳифзи кӯдак – бузургдошти миллат!», паҳн намуда, эшонро бо Рӯзи ҳифзи кӯдакон шодбод намуданд.