Воқеан, ҳам зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.

Субҳи имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии   Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақша – чорабинии мудири шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳрӣ маҳфил таҳти унвони “Маърифати зиндагӣ” баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ,  Судяи суди шаҳри Хуҷанд Маъруф Рустамзода, мудири шуъбаи  занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, собиқадори меҳнат Файзинисо Ғафурова, намояндаҳо аз тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ, маҳаллаҳо ва собиқадорону фаъолзанони шаҳр иштирок доштанд.

Маҳфилро Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо ҷашнҳои муҳими сиёсӣ табрик кард. Мавсуф бобати масъалаҳои мақоми зан дар ҷомеа, ташвиқоту тарғибот оиди риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо” дар байни мардум ва ҳурмату эҳтироми волидайн истода гузашт.

Сипас, мудири шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳри Маҳлиёхон Ишанова дар мавзӯи “Мақому манзалати зан дар ҷомеа” баромад карда, чунин зикр намуд: Дар семоҳаи охир ба кумиҷроияи шаҳрӣ якчанд оилаҳои зуроварӣ ва хушунатдида муроҷиат карданд, ки мо он оилаҳоро бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба муросо овардем, то оилаи онҳо вайрон нашаванд.

 Гарчанде, ки барои пешгирии зуроварӣ ва хушунат нисбати занон корҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз тарафи ҳамаи мақомотҳои дахлдор  гузаронида шуда истода бошад, ҳам лекин чунин ҳолатҳо то ҳол ба назар мерасад. Зане ба кумиҷроияи шаҳр муроҷиат кард, ки аз тарафи  хусур нисбати келин таҳдид ва хушунат дида мешавад. Дигар  оилаҳое, ки муроҷиат карданд, аз тарафи шавҳар бисёр лату кӯб карда шуда, гирифтори  зӯроварии  шавҳар шудаанд. Ин гуна ҳодисаҳо дар шаҳр хеле зиёд ба гӯш мерасанд, лекин баъзе занон аз надонистани ҳуқуқҳои худ ё шарму ҳаё ба мақомотҳо муроҷиат намекунанд. Чи хеле ки дар урфият мегӯянд, “Меваи сабр ширин аст”.

Мақсад аз гузаронидани маҳфили имрӯза пешгирӣ намудани зӯроварӣ, хушунат дар оила нисбати занон мебошад. Шуъбаи занони кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кӯшиш  менамояд, ки барои пешгирии чунин оилаҳо ва занони хушунатдида саҳмзугор бошанд.

Ҳамчунин мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ дар мавзӯи “Хушунат ва ноустувории оилаҳо” баромада, кайд кард, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 136 нафар шаҳрвандон ба мо  муроҷиат карданд, ки  аз инҳо 65 нафар занон в 71 нафар мардон ташкил медиҳанд, ба онҳо кӯмакҳои ҳуқуқӣ расонида шуданд.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд Маъруф Рустамзода оиди мавзӯи “ Ҷудошавии оилаҳо ва ҷинояткорӣ дар байни занон” баромад намуда, иброз дошт, ки дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ омор нишон медиҳад, ки ба суди шаҳри Хуҷанд 55 адад парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи занон ворид  шудааст ва 390 адад парвандаҳои оилавӣ “Оиди бекор кардани ақди никоҳ”  ворид гардида, аз ин шумор 333 адади он баррасӣ гашта, 164 адади он қонеъ, 120 адади он рад, 21 адади он қатъ, 28 адади он бебаррасӣ ва 57 адади он муҳлати оштишавӣ дода шудааст.

Собиқадори меҳнат Файзиносо Ғафурова низ аз таҷрибаи рӯзгори худ дар бораи вазифаҳои  зан дар оила ва тарбияи фарзандон суханронӣ карда, баҳри бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дод.

Дар фарҷоми маҳфил ба 6 нафар аъзоёни нави ҲХДТ дар вазъиятӣ тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.