Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони ватан”- и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳамҷоя бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар минтақаҳои серодами шаҳр аз ҷумла дар бозорҳо, марказҳои савдо, автобусҳо ва микроавтобусҳо муроҷиатнома оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии КОВИД -19 таксим карда шуд.

Мақсад аз тақсимоти муроҷиатнома ин корҳои тарғиботиро байни мардум ҷоннок намуда, баҳри пешгирии паҳншавии беморӣ сироятии короновирус мусоидат намудан мебошад.