Санаи 15-уми июли соли 2015 тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳами ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Рӯзи ахбори сиёсӣ баргузор гардид. Тарғиботчиён дар рузи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «БО ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД» дар назди шунавандагон баромад намуданд. Ҳамагон шоҳиди онем, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори дунё низоъҳои қавмию мазҳабӣ, ихтилофоти миллатҳо дар авҷ буда, инсоният ба мушкилоти навбатӣ дучор шуда истодааст. Тамоми ин равандҳо наметавонанд ба ҳаёти рӯзмарраи Тоҷикистони азиз бетаъсир бошанд. Имрӯз мо ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи сарвари давлати Тоҷикистон мебошем. Дар як ҷоягӣ Ватани азизамон Тоҷикистонро ба як гӯшаи зебо табдил медиҳем. Намегузорем, ки дар Ватани мо дигарбора душманони дохилӣ ва хориҷӣ, мисли гурӯҳҳои ифротгаро, тухми кинаву адоват кошта, мулкамонро ба вайрона мубаддал созанд. Бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади дарки моҳияти ин муаммоҳо як қатор тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи халқи заҳматкаши кишвари мо ва тарбияи ватандӯстиву бунёдкории насли наврас манфиатнок мебошанд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирии чунин масъалаҳои барои миллату давлат хатарнок тадбирҳои заруриро андешида, дар асоси нақшаи алоҳида байни аҳолӣ корбарӣ карда истодааст.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10240
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10061
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8189
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7982
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7351
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1212
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1249
-
ФАЪОЛИЯТ ПУРСАМАР МЕГАРДАД АГАР ...2021-01-20 746
-
БЕҲТАРИН КУМИТАИ ИҶРОИЯ - 20212022-01-25 536
-
Наврўзи Аҷам – оини дўстиву самимият!2016-03-13 1697
-
«Сарбозон аз нигоҳи наврасон»2022-11-30 513
-
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад2015-04-30 1537
Меҳмонон