Бо мақсади тарбия намудани хонандагон дар руҳияи далерӣ, шуҷоатмандӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ, шинос намудани толибилмон ба дастовардҳои замони Истиқлолият, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мактаби санъати №4-и шаҳри Хуҷанд озмуни «Расмкашӣ» байни хонандагони рассомии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Сарбозон аз нигоҳи наврасон» баргузор гардид.

Ѓолибони озмун аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов бо диплом ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.