Бахшида ба 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ва ҳафтаи «Поси хотир»  бо иқдоми  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, имрўз дар қабристони «Гумбази қошуқ» шанбегӣ доир карда шуд.

Дар шанбегӣ беш аз 30 нафар ҷавонони  ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Раҳим Ҷалил ширкат варзида, атрофи қабристон ва дохили онро аз алафҳои бегона тоза карда, саҳни онро рўбучин намуданд. Чунин иқдом минбаъд низ идома хоҳад кард.