Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзоёни ситоди пешазинтихоботӣ ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ҷаласаи ситоди навбатӣ доир гардид.
Чорабиниро раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар оғоз намуда, таъкид дошт, ки пешорӯи ҳизбиён масъулият ва салоҳияти бузург қарор дорад. Бояд, ки аъзоёни ситод дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносони соҳа, ки фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, ҳамкориро дар самти таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат бахшанд. Зимни муаррифии номзад бо назардошти хизматҳои содиқонааш ба Ватан бо мисолҳои возеҳ аз дастовардҳои навини даврони истиқлол бояд ҳарф зад. Диққати асосӣ ба он равона карда шавад, ки фаъолону ёварони ҳизб ҳангоми паҳн кардани варақаҳо, брошураҳо, овезаҳои таблиғотӣ эҳтироми намояндагони дигар номзадҳои ҳизби сиёсиро ба ҷо оранд. Ба иззати нафси таблиғгарони онҳо нарасанд, ботаҳаммул бошанд. Дар вохӯрию мулоқотҳо бо мардум то ба охир таклифу дархостҳои муроҷиаткунандагонро шунаванд ва барои ҳалли он ба ситоди кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, ки 24 соат фаъол аст, муроҷиат кунанд.
Ба андешаи раиси кумиҷроия дар ин шабу рӯзҳои масъулиятнок бояд аъзоёни ситод бо ҷалби коршиносони масоили сиёсӣ дар сомонаю шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошанд. Ба мақолаву овозаҳои беасос ҷавоби воқеӣ ва сареҳ диҳанд.
То замони баргузории интихобот равобитро бо нозирони миллӣ, ки аз ҳисоби аъзоёни ҲХДТ мебошанд, қавӣ намоянд.
Дар идомаи мулоқот таклифу пешниҳодҳои азоёни ситод шунида шуда, ба иштирокчиёни ҷаласа варақаҳои таблиғотӣ, брошураҳо ва нашрияи махсуси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб “Шафақ”, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он нашр шудааст, тақсим карда шуд.