Имрӯз ходими давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, зане, ки фаъолияти арзандаи худро баҳри пешрафти давлату ҳукумат гузоштааст, Шуҷоат Ҳасанова ҷашни зодрӯз дорад.Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз номи аъзоён ва фаъолони ҳизб ин зани  нексириштро бо ҷашни фархундаи мавлуд муборакбод намуда, ба ӯ саломатии бардавом,  хушбахтиву файзу баракот дар рӯзгор, хуррамиву хушҳолӣ ва  сарбаландиҳоро таманно карданд.

Бояд зикр намуд, ки Шуҷоат Ҳасанова аз зумраи он бонувони сарбаланди диёр буда,  зиндагии шоиста ва фаъолияти назарраси меҳнатиаш барои насли наврасу ҷавон мактаби бузурги омӯзишу ибрат аст. 

Вакили мардумӣ ва ҳамзамон муовини Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, соҳиби унвони ифтихории Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шудан  боиси ифтихори аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ буда, далели он аст, ки аҳли ҷомеа ба қадри хизматҳои ин зани покдоман мерасанд ва заҳматҳояшро арҷ мегузоранд.

Меҳнати ҳалолу бисёрсолаи ӯ аз ҷониби давлату Ҳукумат ва роҳбарияти ҲХДТ сазовор қадрдонӣ шудааст, аммо мукофоту подоши беҳтарин барояш сазовор шудан ба эҳтирому боварии халқи меҳнатқарину заршиноси кишвар аст.

Шуҷоат Ҳасанова имрӯз ҳам дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа саҳми шоиста дорад.

Даҳҳо нафар шогирдони тарбия намудаи ӯ  ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда истодаанд. Маслиҳату роҳнамоиҳои ин зани рӯзгордида,  равшангари роҳи насли ояндасоз мебошад.