Имрӯз дар идораи созмони амнияти ҳамкории Аврупо дар шаҳри Хуҷанд муколамаи сиёсии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (ҳизбҳои сиёсӣ) –и вилояти Суғд дар мавзӯи «Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ширкат варзиданд.

Дар ин машварат маърӯзаи профессори факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Абдуҷалил Бобокалонов дар мавзӯи «Марҳилаи қабул ва такмили Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон- нишони камолоти давлатдорӣ» ва маърӯзаи мудири кафедраи Ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Киромиддин Мухторов дар мавзӯи «Фаъолияти Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Дар охири машварат саволу посухҳо доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов фаъолона ширкат варзада, андешаҳои худро баён намуд.