Матбуот дар ҳама давр минбари розу ниёз ва пур кардани маънавиёт буду ҳаст. Хосатан агар масъулони васоити ахбори омма воқеаву ҳодисаҳоро мӯшикофона ва воқеъбинона  таҳлилу баррасӣ намуда, мавқеи худро дар ҳама ҳолат нишон дода тавонад,  аз маҳбубтарин расонаҳои хабарӣ дониста мешавад. Нашрияҳои дилогоҳи ҳизбиёни кишвар бо номи «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» натанҳо афкору ақидаи ҳизбиёнро, балки ҷомеаро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозанд.   Махсусан вокунишҳо ба ин ё он маводҳо, андешаҳои коршиносони сиёсӣ, таҳлилу баррасии ин ё он воқеа хеле моҳирона рӯи саҳифаҳои ин рӯзномаҳо дарҷ мегарданд.

Нашрияҳо дар ваҳдату худшиносии миллӣ, шинохти аслии чеҳраҳои тобноки бузурги миллат хидмати шоиста карда, аз фаъолияти густурдаи давлат ва ҳукумати кишвар дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумотҳои бештар медиҳанд. Ҳамзамон нашрияҳо минбари розу ниёзи ҳизбиён буда, дар ҳар шумора аз ҳаёти ҳизбии кишвар маълумоти аниқу дақиқ медиҳанд.

Имрӯзҳо баҳри муташаккилона обуна намудани нашрияҳои мазкур дар шаҳри Хуҷанд корҳои назаррас анҷом ёфта истодаанд ва то имрӯз зиёда аз 17 ташкилотҳои ибтидоӣ нақшаи обунаро ба рӯзномаҳои ҳизбӣ пурра иҷро намуданд.

Бо кӯшишу ғайрат ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» давом ёфта истодааст.