Дирўз дар ташкилоти ибтидоии «Аҳмади Дониш»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 130 нафар ҷавонон бо мақсади фаҳмонидани роҳҳои пешгирии  масъалаҳои муҳими доғи руз, чун экстремизму терроризм, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, «Салафия», «Таҳрир», риоя ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохўрӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи вилоят доир гардид.

Дар вохўрӣ сардори шўъбаи ташхису таҳқиқотҳои криминалистии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, подполковники милитсия  Обиддин Мақсадзода, мутахассиси пешбари шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Манзура Шамсиева ва мутахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Маъбуд Маъруфзода, мутахассиси пешбари шўъбаи тарбияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маҳмудҷон Ўлмасов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Эҳсон Наврўзов иштирок намуданд.

 Вохўриро мудири шўъбаи тарбияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои фалсафа Фаридун Ҳодибоев ифтитоҳ бахшида, дар бораи мақсаду мароми чорабинӣ, таваҷҷўҳи давлату ҳукумат ба ҷавонон, ҳамкории судманди донишгоҳ бо мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи вилоятро ёдрас намуд.

Маърўзачиён дар атрофи масъалаҳои муҳими доғи рўз бо далел аз оқибатҳои нохуши даст доштани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва роҳҳои пешгирии он таваҷҷуҳ намуда,  донишҷўёнро ба риояи қонунҳо, илмомўзӣ, дўст доштани Ватан ва ободониву созандагии диёр даъват намуданд. 

Сипас, ҷавонон ба сўҳбати ошкоро баромада, таклифу пешниҳодҳои худро барои пиёда намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва решакан намудани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ба коршиносон манзур намуда, ба саволҳои худ низ посухҳои мушаххас гирифтанд.