Дар арафаи ҷашнгирии 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд» Фирдавс Шарифзода иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини кӯчаи Хушбахтии шаҳри Хуҷанд Қосим Мирзохонов аёдат карда шуда, ба ӯ  маводҳои хӯрока дастрас гардиданд.

Дар вохӯрӣ иштирокчиён аз хизматҳои шоёну шоистаи Қосим Мирзохонов ёдовар шуда, ӯро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба 25-солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.