Рўзи гузашта дар толори Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 20-солагии ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоти роҳбарони корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳр бо  роҳбарият ва аъзоёни фаъоли Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкурро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, доири аҳамияти ин санаи таърихӣ ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  зикр намуд. Сипас олим, муаррих профессор Усмонҷон Ғаффоров, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ходим давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Шавкат Шарипов  низ ба сухан баромада, бобати аҳамияти таърихии ваҳдати миллӣ, роҳи тайнамудаи мардуми кишвар барои ноил гаштан ба ризояти миллӣ ва пойдории сулҳ андешаҳои худро байён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзид.