Санаи 30 марти соли равон тибқи нақша чорабиниҳои шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба тадбиқи нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва ҳалли муаммоҳои он» дар хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов ва мудири бахши кор бо ҷавонони коллеҷи тиббӣ Шероз Ҳоҷибоев ширкат варзиданд.

Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов зимни баромад қайд кард, ки тарбия ва ахлоқи ҳамида аз ҷумлаи мафҳумҳои водоркунандаест, ки инсонҳо тавассути он ба ҷое расидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2012 таъкид намуда буданд, ки «Ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад».

Иқдоми дигаре, ки дар ин раванд ниҳода шуд, пас аз муҳокимаву баррасиҳо қабул гардидани «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 таҳти рақами 94 қабул шуд.

Консепсияи миллии тарбия ифодагари анъанаҳои арзишманди фарҳангиву ахлоқии миллати тоҷик маҳсуб гардида, ба муассисаҳои таълимӣ роҳҳои гунонгунро барои тарбияи инсони бофарҳанг, соҳибмаърифат ва солим пешниҳод менамояд.

Сарвари давлат дар китоби сеюми «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён» зимни таҳлилу баррасии масъалаҳои умдаи таърихи халқи тоҷик, ба масъалаҳои таҳкими андешаи миллӣ ва тарбияи ҷомеаи мутамаддин ва хушахлоқ низ андешаҳои судманди хешро ба қалам додаанд.

Дар фарҷом миёни ҷавонон ва меҳмонони чорабинӣ мубодилаи афкор сурат гирифт ва ҷавонон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.