Дар остонаи таҷлили Рӯзи модар бо мақсади ошноӣ аз рӯзгори бонувони собиқадори соҳаҳои мухталиф кормандони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба аёдати онҳо рафтанд. Зимни мулоқоти озоду самимӣ табрикоти роҳбарияти олии ҳизб ва кумиҷроияи вилоятиву шаҳрии ҳизб ба бонувон расонида шуда, дар баромадҳо зикр шуданд, ки рушди ҳамаҷонибаи  иқтисодиву  иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон, муҳимтар аз ҳама  ба камол расонидани  насли дорои  дониши мукаммал, ватанпарасту меҳнатдӯст ва бархурдор аз арзишҳои милливу умумибашарӣ аз сатҳи  маърифати  занону модарон  вобастагии зич дорад. Маҳз фазилатҳои беҳтарини инсониро модар бо шири сафеди худ дар вуҷуди фарзанд ҷой медиҳад. Аз ин сабаб, Пешвои муаззами миллат мактаби модарро бузургтарин мактаби тарбия гуфтаанд.

Баён карда шуд, ки дар пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, бунёди ҷомеаи навин  саҳми бонувони арҷманд хеле  бузург аст.  Ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарон арҷ гузоштан қарзи имонӣ ва фарзандии мост.

Дар хотимаи мулоқотҳо ба бонувон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.