Имрӯз аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Себзор 7, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ аёдати оилаҳои ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ, истиқоматкунандагони кумитаи маҳаллаи Чорчароғ, кучаи Сино 7 ва Ғафур Тоҳиров 7  ба роҳ монда шуд. Аз ҷониби вакили халқ ба аёдатшудагон маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, шакар, гушт, биринҷ, макарон ва нон дастрас карда шуданд.