Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Оила дар назди шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи кории доимоамалкунанда бо номи «Муросо» таъсис дода шудааст, ки он мунтазам бо аҳолӣ дар тамос буда, барои пойдорию устувории оилаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар давоми нӯҳ моҳи сипаришуда гурӯҳи доимоамалкунандаи «Муросо» дар ҳалли муаммоҳои 31 оила иштирок намуда, дар пойдории ин оилаҳо саҳми худро гузоштанд. Рӯзи гузашта дар кумиҷроияи шаҳрии ҳизб натиҷабардорӣ аз рафти фаъолияти аъзоёни ин маҳфил баргузор гардид. Иштирокдорон- аъзоёни маҳфил нисбати он чораҷӯиҳое,ки дар ин самт баргузор гардид, ибрози ақида намуда, таъкид намуданд, ки ташкили ин гурӯҳ ба манфиати кор буд. Мо, тавонистем, дар пойдории чанд оилаҳо ширкат дошта бошем. Пешниҳод гардид, ки маҳфили навбатӣ бо тарзи Мизи мудаввар баргузор гардад ва ба он кормандони масъули ҳифзи ҳуқуқ, суд ва дин таклиф карда шаванд. Зеро ҳалли бисёр масъалаҳо бо фаъолияти онҳо зич марбут аст.