Бо иштироки кормандони дастгоҳи кумиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ доир гардид.

Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси кумитаии иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар оғози ҷаласа баён дошт, ки Анҷумани навбатии ҳизб дар сатҳи баланд ва руҳияи болида доир шуда, фаъолияти минбаъдаи ҳизбиён зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” муайяну мушахас гардид.

Дастур дода шуд, ки кор дар ҳама самт ҷоннок карда шавад ва таъсуроти вакилони Анҷуман ба тамоми ташкилотҳо расонида шавад. Ҳамчунин зикр шуд, ки бо мақсади таҳким бахшидани фаъолияти минбаъда шуъбаҳо нақшаҳои кории худро таҳрези намоянд ва мутобиқ ба он чораҳои амали андешанд.

Дар идомаи кори ҷаласа баён шуд, ки диққати асосӣ ба омодагӣ ба ҷаласаи ҷамъбасти кумиҷроияи дода шавад. дар ин самт кураторон вазифадор шуданд, ки ҳисоботҳои кумитаҳо ва ташкилотҳои ибтидоиро сари вақт ҷамъ намуда нисбати он хулосаҳои зарури бароранд.

Бо ҳамин кори ҷаласа поён ёфт.