Имрӯз мувофиқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои тадбирҳои протоколи №8 ҷаласаи машваратии назди Раиси шаҳри Хуҷанд аз 26 феврали соли 2018 оид ба пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм ва барои босифат иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии литсейи касби политехникии шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, Ваколатдори калони оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Шараф Ҷабборов, Раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Шарқ» Муқим Қобилов ва иштирокчии сохти конститутсионӣ Яздон Маллаев ширкат варзиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни баромади хеш қайд намуд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.    

Сипас, Шараф Ҷабборов Ваколатдори калони оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин гуна ҷиноятҳо оварда мерасонад, маъруза намуда, зикр кард, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Иштирокчии сохти конститутсионӣ Яздон Маллаев дар баромади хеш аз ҷумла қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм дар баробари вирусҳои компютерӣ дар шабакаҳои интернетӣ яке аз проблемаи асосӣ буда, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд ва аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки нисбат ба ин гуна амалҳо бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки пешқадами ҷомеа дар ҷодаи нигоҳ доштани ахлоқу одоб ва ба даст овардани ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошанд.

Муқим Қобилов раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Шарқ» дар баромадаш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки Хизмат ба Ватан – Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон аст. Таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакат ҷиҳати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беназир мебошад. Хизмат ба Модар – Ватан вазифаи муқаддас буда, шарафёб гаштан ба ин рисолати бузург бахти ҷавонмардӣ, оини ватандорӣ, садоқати фарзандӣ ва  нангу номуси шаҳрвандист.

Дар охир, директори Муассисаи давлатии таълимии литсейи касби политехникии шаҳри Хуҷанд Маҷид Наимов ба меҳмонони чорабинӣ ҷиҳати иштирок ва суханрониашон изҳори миннатдорӣ карда, ба  чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо минбаъд низ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегарданд.