Дар толори кӯдакистони №14-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо мақсади расонидани мафҳум ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони кумитаи маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир гардид.

Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ иброз намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сўи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин мамлакат мебошад.

Бо андешаронӣ ва саволу ҷавобҳои иштирокчиён вохӯрӣ ба анҷом расид.