Имрӯз дар толори «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд тибқи нақша-чорабинӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода, аъзоёни Кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳамаи аъзоёни Кӯмиҷроияро бо рӯзнома шинос намуд. Дар рӯзнома асосан 4 масъала дида баромада шуд: Ьисоботи Раиси КИ ЬХДТ дар шаьри Хужанд барои шаш моьи аввали соли 2015, Интихоби роьбари гур=ьи вакилии ҳизбии маҷлиси вакилони халыи шаьри Хужанд, Тасдиыи наышаи кории КИ ЬХДТ дар шаьри Хужанд барои нимсолаи дуюми соли 2015 ва Рафти ижроиши фармоиши Раиси КИ ЬХДТ дар шаьри Хужанд оид ба маъракаи «Обуна-2016». Сипас аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, 7 нафар фаъолони ҳизб бо медали 20-солагии ҲХДТ сазовор гардонида шуданд. Инчунин, барои фаъолияти назаррас 4 нафар аъзоёни фаъол бо сипосномаҳои Кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ гардиданд. Дар охир ба 4 нафар шахсоне, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.