Фаъолияти шашмоҳаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  бо иштироки  Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода,  раисони кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии шаҳру навоҳӣ,  вакилони халқ, собиқадорон ва фаъолони ТҶҶ «Созандагони Ватан» натиҷабардорӣ карда шуд. Дар баромади Сарфароз Фаттоҳзода  зикр шуд, ки шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ 17 адад зиёд шуда, миқдоран ба 1272 адад расидааст. Афзоиши аъзои ҳизб бошад баёнгари зиёд шудани обрӯву нуфузи ҲХДТ миёни ҷомеа мебошад. Имрӯз ҲХДТ дар вилояти Суғд 131366 нафар аъзо дорад, ки 3370 нафари онҳо давоми шаш моҳи охир ба сафи ин ҳизби мардумӣ пайвастаанд. Бо эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин давра бештари чорабиниҳо хусусусияти тарғибу ташвиқи ин ду соҳаи муҳимро фаро гирифтанд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолият дастгирии иҷтимоӣ маҳсуб шуда, дар ин давра аз тарафи кумитаҷои иҷроияи вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, вакилон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб 22857 нафар аёдат карда шуданд. Туфайли фаъолияти босамар эътибори ҳизби мо афзуда, эътимоди мардум нисбат ба он дучанд гардид, илова кард, зимни ҳисобот Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Сарфароз Фаттоҳзода. Ба таъкиди ӯ давоми шаш моҳи соли 2018 10975 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои мухталиф муроҷиат карда, дар ҳалли онҳо масъулини кумиҷроия ҳаддал имкон мусоидат намуданд. Дар анҷоми маҷлис як қатор озмунҳои ҳизбӣ ҷамъбасткарда шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳо қадр гаштанд. Ғолиби бахши «Беҳтарин кумитаи иҷроияи ҳизбӣ» кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дониста, Парчами КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд супорида шуд.  «Беҳтарин шӯъбаи кор бо занон» КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон эътироф ва бо Вимпели КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардид. Ғолиби «Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ» Ташкилоти ибтидоии “Шахтаи Фон-Яғноб”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ муайян ва бо ҳамингуна вимпел қадр шуд. Инчунин, дар асоси хулосаи комиссия “Беҳтарин ТҶҶ «Созандагони Ватан» ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и шаҳри Хуҷанд ва дар “бахши беҳтарин таблиғот ва иттилоот” кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен ғолиб эътироф гашта, бо вимпелҳои КИВ ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.      Ҳамзамон, ба чаҳор нафар фаъолони ҳизб медали ҷашнии ҲХДТ супорида шуд. Дар охир Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода дар назди масъулини дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ва кумитаи иҷроия дар шаҳру навоҳӣ вазифагузорӣ намуда, барои иҷрои вазифаҳои ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 бурдборӣ орзу кард.