Дар идомаи конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии КИМ ҲХДТ таҳти унвони «Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ва бо мақсади мушоҳидаи намудани татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҳайати меҳмонон аз корхонаи ҷдмм «Текстилимпекс» дидан намуданд.

Масоҳати умумии коргоҳи истеҳсолии мазкур наздики 1 гектар буда, дар он биноҳои сехи истеҳсолӣ ва маъмурӣ бунёд шудааст. Ҳангоми азнавсозии корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни ботаҷрибаи маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда шуд.

Таҷҳизоти истеҳсолии корхонаи саноатӣ истеҳсоли Федератсияи Русия ва фаъолияти асоси коргоҳ - истеҳсоли матои бахмал мебошад.

Коргоҳ дар як шабонарӯз, ки ба се баст тақсим карда шудааст, 120 метри мураббаъ матои бахмал истеҳсол мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс”-ро мавриди истифода қарор доданд.