Бо мақсади бардоштани парда аз рӯи душманони миллат, шинохтани чеҳраи аслии манфурони давлат ва миллати тоҷик, варақгардон намудани ҳақиқати таърих чандест, ки дар корхонаву ташкилотҳо филми мустанади “Хиёнат” намоиш дода мешавад.  Чунончи санаи 23-сентябри соли равон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” бо ширкати донишҷӯён ва устодон қисми 5-уми филми мазкур намоиш дода шуд.

Аъзои фаъоли ҳизб Мубина Хоҷаева зимни баромад аз моҳият ва рисолати филми мазкур ёдовар шуда, онро чун дастури раҳнамоӣ барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва бедории сиёсӣ унвон намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар филми мустанади «Хиёнат» кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) комилан фош карда шудаанд. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизби собиқ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд.

Аз тамошои филм бараъло маълум мегардад, ки рафтору кирдори пайравони ТТЭ ҲН, ки дар ҳеҷ лаҳза сиёсати давлати соҳибистиқлоли моро чашми дидан надоштанду ҳанўз ҳам дар хориҷ аз кишвар ба хотири манфиати худу пиёда намудани амалҳои ғайриинсонии хоҷагони хориҷии хеш бо зўроварию хиёнат ба пойдевори амну суботи Тоҷикистони азизамон рахна задан мехоҳанд, бо далелҳои шайъи исбот гардидааст. Ёдовар мешавем, ки қисмҳои пешни филми мазкур низ дар дарсҳои тарбиявиву сотаҳои кураторӣ ба таври васеъ мавриди намоиш қарор гирифта буд.