Рӯзи 13 январи соли 2017 гурӯҳи тарғиботӣ оид ба фаҳмондадиҳии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳайати  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, директори Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳо Файзалӣ Ҳакимов, устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуландом Абилова, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  бо аҳолии кумитаи маҳаллаҳои Темурмалик ва Тиллокони шаҳри Хуҷанд дар толори калони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳр вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ мазмуну муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа шарҳ ёфта, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ  таъкид гардиданд.