Имрӯз, панҷшанбеи 24 ноябр беш аз 6 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун ва ҷавонони Суғдзамин дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоӣ намуданд.

Раҳпаймоӣ аз хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ оғоз шуд ва пасон иштирокчиёни роҳпаймоӣ дар назди баландтарин пояи Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷамъ омаданд.

Сипас дар Қасри фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Парчам чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, фаъолон, олимон, шоирону нависандагон, намояндагони васоити ахбори омма, ҷавонони фаъол ва сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар Парчами миллии тоҷикон дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон моя ифтихору рўҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад. Маҳз бо мақсади эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар маркази вилояти Суғд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 Парчами давлатии Тоҷикистон бар пояи баландиаш 55 метр парафшон карда шуда буд.

 

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд