Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба аёдати собиқадорони меҳнат Хосият Зокирова ва Ҳамро Тоҳирова, ки сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд, ташриф оварданд ва аз вазъи саломатии собиқадорони меҳнат пурсон гардида, онҳоро бо иди саиди Қурбон табрику муборакбод намуданд.

Ҳамзамон ба собиқадорон кумакҳои моддию молиявӣ ва маводи озуқаворӣ расонида шуд.

Дар навбати худ собиқадорон ба Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосаву пайваста нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону бепарасторон бо самимияти беандоза ва эҳтироми хоса изҳори хушнудӣ ва миннатдорӣ намуда, дуои нек доданд.