Дар остонаи баргузории интихобот дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар асоси барқияи Кумитаи Марказии иҷроияи ҳизб аз санаи 24 феврали соли равон таҳти рақами 8 вобаста ба пешбурди корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба интихобот семинарии омӯзишӣ бо иштироки нозирони миллии аз ҷониби  кумиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихобгардида доир гардид.

Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки дар давраи ташвиқотию тарғиботи барномаҳои номзадҳо аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон интихобкунандагон бо суолу дархостҳои зиёде ба номзадон ва шахсони боэътимоди онҳо муроҷиат карданд. Боиси қаноатмандист, ки аксари интихобкунандагон вобаста ба мушкилиҳои маҳал ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии  сокинон ба интихобкунандагон муроҷиат намуданд, на бар манфиати шахсии худ. Ин аз он дарак медиҳад, ки вазъи иҷтимоии сокинон боло рафта, мардум мехоҳад, ки барои ободии диёр, пешрафту шукуфоии маҳал ҳиссаи арзандаи худро гузорад. Ба нозирони миллӣ ёдовар карда шуд, ки имрӯзҳо бо роҳнамоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 510 иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шуда, алҳол наздики 240 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Давоми соли рафта зиёда аз 37 километр роҳҳои дохилишаҳрӣ пурра асфалтпӯш карда шуданд, ки дар амалигашти нақшаву ниятҳои хайр ва бунёдкориву созандагӣ, пешрафту шукуфоии кишвар ва шаҳр саҳми ҳизбиён  низ калон аст.

Мавсуф дар идомаи суханрониаш таъкид дошт, ки мутобиқ ба дастури Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ бояд то бегоҳии санаи 28 феврал тамоми воситаҳои таблиғотӣ аз пештоқи муассисаву корхонаҳо гирифта шавад. Ҳамчунин ба нозирон дастур дода шуд, ки дар рӯзи интихобот бо назардошти  риояи талабот барои роҳнамоии интихобкунандагон хизмати софдилона анҷом дода, фарҳанги муносибату муоширатро бо нозирони дигар ҳизбҳои сиёсӣ, нозирони байналмилалӣ ва интихобкунандагон риоя намоянд.