Бахшида ба фарорасии иди байналмиллалии «Наврӯз» имрӯзҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои идона баргузор гардида истодааст.

Чунин як чорабинӣ дар беморхонаи сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ баргузор гардид, ки дар он раиси кумиҷроия ҳамаи кормандони беморхонаро ба муносибати фарорасии иди «Наврӯз» табрику муборакбод намуд ва дар вазъияти тантанавӣ ду нафар аъзоёни фаъоли ҳизбро бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумиҷроия сарфароз гардонид.