ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ШАҲРИ  ХУҶАНД  БА МУНОСИБАТИ 25-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

 

                 Ҳамдиёрони азиз,

                 Ҳамсафони муҳтарам!

Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ба муносибати 25 - солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳат, хонаободӣ ва барори кор хоҳонанд.

Чоряк аср аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои сиёсии кишвар собитқадамона фаъолият дошта, чун ҳизби мардумӣ ва ормонӣ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд.

Имрӯз ин ҳизби нерӯманди ҷомеа таҳти роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пиёда сохтани ҳадафҳои Оинномавию Барномавии хеш мардумро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукӯфоӣ раҳнамоӣ мекунад.

Таҷлили ин рӯйдоди бузург маъулияти мо – фаъолони ҳизбро дар роҳи таҳкими соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагӣ боз ҳам бештар менамояд.

Итминони комил дорем, ки халқи шарифи Хуҷандшаҳри бостонӣ, хосса ҳизбиён  бо азми қавиву нерӯи дучанд ҷиҳати пешрафт ва шукуфоии меҳани азиз саъю талош меварзанд.

Дар роҳи расидан ба рисолати ҳизбӣ ва қарзи шаҳрвандӣ бароятон барору омад хоҳонем.

Ҷашни 25 – солагии ҲХДТ муборак, ҳамсафони азиз!