Имрӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ бо гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботии кумиҷроия мизи мудаввар дар мавзӯи «Сипари устувори маънавӣ» баргузор гардид ва дар он аъзоёни гурӯҳи ташвиқотию тарғиботӣ мақолаи муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фаттоҳзода Саидмурод Самадро дар мавзӯи «Ҳазорсола роҳ аст то мусалмонӣ… Ва ё чаро бояд ҷомеаро аз ангезаҳои хатарзои муосир ҳифз кунем?», ки дар сомонаҳои интернетӣ чоп шудааст мавриди омӯзиш қарор доданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки мақолаи мазкур дар ҳақиқат барои ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ ҷиҳати ҳифзи арзишҳои таърихӣ, динӣ, миллӣ ва фарҳангӣ ҳамчун роҳнамо буда, таҳти як идеологияи устувор ва созанда муттаҳид намудани миллати худ сафарбар менамояд.

Иштирокчиёни мизи мудаввар нӯктаҳои мақолаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, андешаҳояшонро дар ин бобат иброз намуданд.