Ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷина”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Парчамат парфшон бод Тоҷикистонам” баргузор гардид.

Чорабинӣ бо овози зинда хондани Суруд миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кӯдакони ширхоргоҳ-кӯдакистони № 36-и шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт ва онҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Парчам, Пешвои миллат шеъру сурудҳо қироат карда, инчунин бозиҳои гурӯҳӣ байни кӯдакон бо қоғази ранга сохтани парчам гузарониданд. Баромади кӯдакон хеле ҷолиб буд, зеро онҳо бо эҳсоси баланди миллӣ ва ифтихор аз Ватани хеш баромад карда, дар назди меҳмонон маҳорати худро нишон доданд, ки писанди ҳозирин гаридид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аъзои фаъоли гурӯҳи таблиғотӣ Абдумавлон Азимов ва сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Шафақ” Назокат Юсупова иштирок намуда, тарбиятгирандагон ва кормандони ин боргоҳро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда,  барои  ташкил ва  баргузории чорабинии ватандӯстона баҳои баланд дода, қайд карданд, ки роҳандозӣ намудани чунин чорабиниҳои маҳанпарастӣ дар ниҳоди кӯдакон дӯстдории Ватану миллат ва садоқат ба мулки аҷдодиро бедор менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ якчанд аъзоҳои фаъоли ҳизб бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд  қадршиносӣ  карда шуданд.