Бахшида ба 23 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯдакистони рақами 26-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов иштирок намуд. Раиси кумиҷроия иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ин иди барои мардуми шарафманди Тоҷикистон азизу муқаддас табрик намуда, зикр дошт, ки маҳз бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвоми миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши миллӣ қодир аст дар ҳифзи манфиату амнияти миллату давлати соҳибистиқлоламон бошад ва ҳаёти осоиштагии мардуми кишварро таъмин намояд. Дар охири чорабинӣ ба якчанд шахсони арзанда, ки барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.