Бахшида ба таҷлили 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар аз ҳолу аҳволи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд Қориҷон Ахмедов пурсон гардида, табрикоти роҳбариятиолии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расониданд ва  ба ӯ кӯмакҳои хайриявӣ намуданд.

         Иштирокчии ҷанг аз ин ғамхорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён дошт ва ҷиҳати ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он  дуои нек кард.