Тибқи дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 23-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон,20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии хатнасури 23 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзмандро баргузор намуд.

Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов,

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов, мудири бахш оид ба корҳои дини МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Мӯъмин Арипов, Раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр ва хешу таборони кӯдакони хатнасурдошта ширкат варзиданд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ санъаткорони варзида Махками Баҳриддин, Илёс Очилов ва хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Хуҷанд сурудхонӣ намуданд.