Бо мақсади даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 27 шаҳри Хуҷанд бо љавонони кумитаи мањаллаи Раззоќи шањр таҳти унвони “ХИЗМАТ БА ВАТАН - МОДАР ШАРАФ АСТ!” мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Олимҷон Норматов, мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Қобилҷон Усмонов, намояндаи маъорифи шаҳри Хуҷанд Раҳбар Ҳамзаева, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Муталиб Махмудов ва аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”- Сарварҷон Ҳамдамов иштирок ва суханронї намуданд.

Зимни баромад кайд шуд, ки хизамат дар  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи иммони ва ҳам шаҳрвандии ҳар як ҷавони бо нангу ор буда, дар ин роҳ далеливу матиниродагии онҳо боиси оромию осудагии Тоҷикистон аст.