Яке аз таҳдидхои ҷаҳонӣ ба сулху субот ва амнияти давлати тинчу ободамон ин-терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм, ки бо зуҳуроти даҳшатангези худ ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш овардааст. Яке аз хатарҳои ҷиддӣ ва ҷиноӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо дарки ин хатари ҷиддӣ мардуми сарбаланди ҷомеаи хешро водор сохта буданд, ки дар ин бобат бетафовутӣ зоҳир накунанд ва ҳар чи зудтар тадбирҳои заруриро андеашанд. Пешвои миллат дар ироаи ҳар Паёми хеш мавриди ин ду зуҳурот андешаи возеҳу равшани худро баён месозанд ва сари вақтӣ тадбирҳои мушаххас медиҳанд. Аз ин тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат оқилона бояд истифода бурд. Зеро миллати тоҷик дурандеш аст ва ҳаргиз нахоҳад гузошт, то бегонае бе пурсиш ба хокаш қадам гузорад. Роҳбарони ин падидаҳои номатлуб аз воситаҳои истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, аксарияти ҷавонони камтаҷриба ва беилмро ба ин зуҳуротҳои ноодамонаи хеш ҷалб месозанд. Бояд ҳар як ҷавони имрӯза аз тарзи истифодабарии шабкаҳои иҷтимоӣ бохабар бошад ва оқилона ва дуруст истифода кардани онро донад. Мутаасифона, аксарияти волидони имрӯза фарзандонашонро беназорат гузошта, ба омӯхтану аз худ кардани илмҳои муосир ба онҳо диққати ҳамаҷониба намедиҳанд, ки ин ба зарари худи онҳост. Пас шаҳрвандони моро низ зарур аст, ки аз ин фоҷиаҳо огоҳ бошанд, дар тарбияи фарзандони худ бемасъулиятӣ зоҳир накунанд, ҳар гуна амалҳои номатлубро дар байни онҳо пешгирӣ карда, нагузоранд, ки фарзандонашон ҳадафи фиреби ифротгароён қарор бигиранд ва фарзандони худро дар руҳяи ватандӯстиву инсонгарӣ ва худогоҳиву хештаншиноси тарбия намоянд. Ватани худро азиз донанд ва хизмати модар падари худро ба ҷо биёранд. Миллати моро зебанда чунин аст, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилу якмаром буда, баҳри шукуфоии ҳар зарра хоки азизи кишварамон –Тоҷикистон саъю талош варзем. Бо боварии комил метавон гуфт, ки халқи шарафманди тоҷик имрӯз хуб дарк кардааст, ки терроризму экстремизм падидаҳои номатлуб барои ҷомеа буда, мубориза бурдан бо онҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандии онҳост. Пас месазад дар ин замина иброз дошт, ки халқи тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни терроризму экстремизм ба ормонҳои гузашта ва ҳадафҳои олии мамлакати хеш мерасанд!

 

Ташкилоти ибтидоии “Соҳибкор”