Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид доштанд, ки: «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем».

Боиси қайд аст, ки масъалаи баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон дар ҷомеа, бузургдошт ва арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаву меҳнати ҳалоли онҳо дар самти ободонии Ватани маҳбуб дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ қарор дорад. Имрӯз дар назди ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ шуъбаю бахшҳои кор бо занон амал мекунанд ва шумораи бонувони ҳизбӣ сол то сол  афзоиш меёбад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз оғози фаъолияти худ дар баробари ҳарчи бештар ҷалб намудани занону духтарон ба сафҳои ҳизб ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа, дастгирию кӯмак ба бонувони шаҳр, мусоидат намудан ба ҳалли муаммою мушкилоти онҳо, сафарбар намуданашон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбарӣ менамояд.

Ба туфайли корҳои анҷомдодашуда имрӯз дар байни бонувони ҳизбии шаҳр даҳҳо нафарро ном бурдан мумкин аст, ки на танҳо мояи ифтихори сокинони вилоят, балки боиси ифтихори сокинони тамоми ҷумҳурӣ ҳастанд.

Ҳоло, ки дар арафаи фарорасии Рӯзи модар қарор дорем, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар самти қадршиносии бонувони фаъоли ҳизбӣ, пур намудани сафҳои ҳизб аз ҳисоби занону духтарони фаъол ва арзанда, ҳамчунин дастгирии ниёзмандон чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла, ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани чорабинии тантанавӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, ки санаи 2-юми март доир гардид, қадршиносии бонувони фаъолаву ташкилотчӣ ва ташаббускор, болида сохтани табъи онҳо дар арафаи ин иди хуҷаста буд. Иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, бонувони барӯманд, собиқадони ҳизб ва ҷавондухтарони фаъол ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар паёми табрикии кумиҷроияро ба самъи ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки дар фаъолияти ҳизбӣ ба бонувон ҳамчун ба нерӯи бузурги созанда такя мекунанд ва барои саҳми арзандаашон дар пешрафти кори кумиҷроия миннатдорӣ баён кард.

Дар ҷараёни чорабинӣ намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Раиси собиқадорони вилоят Анвар Ҷалилов, намояндаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, мудири бахши кор бо занон ва оила Қаҳҳорӣ Муяссар, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова кулли бонувони дар чорабини иштирок кардаро ба муносибати фарорасии Рӯзи Модар табрику муборакбод намуданд.

Боиси зикр аст, ки аз ыониби Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ собиқадори ҳизб Абдувоҳид Раҳимов, ки ба сини 70 солагӣ расидааст бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба занону духтарон чун нишони қадршиносӣ ифтихорномаву сипосномаҳо ва  туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Ҳамчунин ба 14 нафар шахсони арзанда, ки барои дохил шудан ба узвияти ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Барномаи калони консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта Ҳасани Камол, Маҳками Баҳриддин, Алишер Набиев ва дигар ситорагони санъати вилоят ба чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар ҳусни хотима бахшид.