Муносибатҳои байнидавлатӣ ба дониши чуқур, таҳаммулпазирӣ, одоби муошират, фарҳанги дипломатӣ ва омилҳои дигари шахсиятҳои алоҳида алоқамандии зич дорад. Алалхусус, таъмини иҷрои бандҳои Созишномаҳои бадастомада аз дипломатон, шахсони салоҳиятнки гуфтушунидҳо масъулияти баланд ва ӯҳдадориҳои муайянеро тақозо менамояд, ки шаҳодати мардонагии онон мебошад.

Давоми солҳои охир дар масъалалаи баҳсҳои ҳамсарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон гуфтушунидҳои сершумор барпо гаштаву Созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расидааст. Шахсиятҳои босалоҳияти ҷониби Тоҷикистон доимо баҳри таъмини меъёрҳои Созишномаҳо ҷонкоҳона кӯшиш менамоянд ва муваффақона ягон маротиба хилофи ваъда накардаанду дар аҳду паймони худ устуворанд. Аммо, ҳайҳот, ки аз ҷониби масъулини қирғизтабор чуин устувориву вафодорӣ дида намешаваду пайваста аҳдшиканӣ тавассути муноқишаҳои маишӣ суръат мегиранд. Эҳтимол меравад, ки мардуми қирғизро ҳукми роҳбаронашон намефорад ё худ “зери коса нимкосае” бошад. Вале, шаҳодати воқеӣ мавҷуд аст, ки нопаймонӣ на аз мардум, балки аз сиёсатмадорони навбаромади қирғизтабор оғоз меёбад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбари кунуни мақомоти амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Камчибек Тошиевро тамошо кардаву шунида дар ҳайрат мемонам, ки нафари дар Созишномаҳо имзо гузошта, чӣ тавр метавонад аз натиҷаҳои бадастомада изҳори норизоӣ баён намояд. Ё худ дар як организм ду рӯҳи муқобил ҷойгир шудаасту Тошиеви мансабӣ дигару Тошиеви интернетӣ дигар? Вагарна, ӯ қадри аҳду паймону мардонагӣ медонист, мебоист аз ҳарзагӯиҳо худдорӣ мекард?! Вале, Тошиев чун ҷузъи бадбӯй доимо бо сиёҳкориву бадномсозӣ машғул асту андеша намекунад, вазъи ноороми сарҳад бевосита бар нафъи ӯ нест. Ё худ ӯ ҳам, чун шахси зархарид тӯтивор суханҳои хоҷагони маблағгузорро такрор мекунад?

Метавон дарк кард, ки ҷониби расмии Ҷумҳурии Қирғизистон дар андешаю хулосабарорӣ мустақил набуда тарҳи кашидаи хоҷагони дасисабозро иҷро мекунанд. Бехабаранд, ки ало кардани чашми хасмолуд ба марзи ҳамсоя оқибати нохуш дорад. Зеро, мардуми тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик, гарчанде таҳаммулпазиранд, нангу номуси баланд доранду зӯру бозуи тавоно ва ҳаргиз намегузоранд, ки ваҷабе аз сарзамини аҷдодиро каси дигар соҳиб шавад.

Собиров М.С.-аъзои

Ҳизби Халқии Демократии

Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд