Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи аъзоёни ҳизб дар мавзӯи «Пешвои миллат- ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик» баргузор гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар беморхона, сартабиб Собирҷон Собиров дар бораи пурра дастгирӣ ёфтани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ваҳдату субот ва оромию осоиштагии кишвар оварда расонд, сухан ронд. Маҳз ба туфайли Сарвари бохиради мо Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷони худро ба каф гирифта, дар ҳассостарин лаҳзаҳои пурхатар тадбирҳои муфид андешиданд ва он ба сулҳу салоҳ оварда расонид, мардум тинҷу ором зиндагӣ мекардагӣ шуданд. Пешвои миллат ном бурдани Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсад мувофиқ буда, он кас ба ин унвони пурифтихор ҳаматарафа арзанда мебошанд. Умуман, Сарвари давлат тавонистанд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин давлатамонро ба пеш баранд, муҳимтар аз ҳама сатҳи зиндагии мардум сол то сол боло рафт. Мо минбаъд низ дар атрофи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, баҳри гул-гулшукуфии Ватани азизамон меҳнати пурсамар менамоем, - иброз доштанд табибон НабиевБ., Ахмедов Б., Мирзоев М., Шокирова З., Юнусов С. ва дигарон.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10228
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10048
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8176
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7969
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7339
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1200
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1237
-
Қонуни асосӣ- аҳамият ва зарурати такмили он2016-04-21 1427
-
Вохӯрӣ бо интихобкунандагон2016-12-08 1731
-
ИД ГУЗАШТ, ТАНТАНАҲО ИДОМА ДОРАНД2019-09-13 1003
Меҳмонон