Дар толори Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи «Хуҷанд» оид ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ вохӯрӣ доир карда шуд, ки дар он аз ҷониби баромадкунандагон зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ба иштирокчиёни вохӯрӣ фаҳмонида шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Қонун – мазҳар ва нишонаи булуғи таърихии башар аст. Инсон дар асоси таҷрибаҳои тӯлонӣ ба ин натиҷа расид, ки барои танзими равобит бо дигар инсонҳо ва эҷоди фазои амни зиндагӣ ва барои шукуфоӣ ниёз ба як қатор қоидаҳои мушаххас дорад, ки мавриди пазириши аксарият бошад. Бояд гуфт, ки Конститутсия самараи талошҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии як ҷомеа буда, дар навбати худ сохторҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро бунёд намуда, ҷомеаи муназзамтару ҳадафмандтар месозад. Дар маҷмӯъ, Конститутсияи ҳар кишвар ҳосили талоши таърихӣ ва балоғати маънавии он сарзамин аст, пояҳои маҳками давлатдориро месозад ва миллатро ба пешрафт ҳидоят менамояд. Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, сарчашмаи асосии қонунгузорӣ, омили ризоият ва ҳамгироӣ тайи бисту се соли амалаш тавонист дар Тоҷикистон ниҳодҳои демократияро бунёд гузорад. Ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва ягонагӣ заминаи воқеӣ муҳайё созад.