Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Вилоятии ҲХДТ ва амалӣ намудани барқияҳои 17 ва 18 дар назди шӯъбаи кор занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд клуби доимоамалкунандаи оилаҳои ҷавон бо номи «Базми орзӯҳо» ташкил карда шуд, ки аз меваҳои шаҳдбори Истиқлолият дарак медиҳад.

Оилаи хушбахт ҷомеаи саодатмандро ба бор меоварад. Маҳз ҳифзи саломатии модару кӯдак, ташаккули муҳити солими оилавӣ метавонад дар ташаккули шахсияти комил саҳм дошта бошад.

Бо ин мақсад дар шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия бо намояндагони оилаҳои ҷавон баҳри таъмини рӯзгори босаодат ва тарбияи насли қобилу гапдаро, хушзеҳн, ватанпарвару хештаншинос, созандаву бунёдкор машварат – мубоҳиса таҳти унвони «Базми орзуҳо – базми сулҳу оромӣ, суботу якдилӣ, саодату саодатмандӣ»  баргузор гардид.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар амалӣ гаштани меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи мардону занон ва риояи он, баҳри таъмин ва густариши ҳуқуқии ҷинсҳои мухталиф ва имкониятҳои баробари онҳо талош варзида барои боз ҳам баланд бардоштани мақом ва мавқеи зан дар ҷомеа тадбирҳои ҳадафманду созанда рӯи кор хоҳад овард.

Итминони комил дорем, ки базми арусу домод ҳатман ба базми орзуҳо мубаддал мегардад ва барои гулгулшукофоии кишвари азизамон ин орзуҳо ҳумоюносо ба наслҳои оянда мерос гузошта мешаванд.